Пайвандҳои дастрасӣ

Пуштибонии раҳбари Бразилия аз ҳаққи Эрон


Раисиҷумҳури Бразилия Луис Инасио да Силва дирӯз бо ҳамтои эрониаш Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқот кард. Да Силва гуфт, Эрон ва кишварҳои Ғарбро лозим аст, ки як роҳи ҳалли “мунсифона ва мутавозин”-и барномаҳои ҳастаии Теҳронро пайдо кунанд. Силва дар нишасти бо Аҳмадинажод муштараки хабариаш гуфт, Бразилия ҳаққи Эрон ба пешбурди барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ дар чаҳорчӯби меъёрҳои байналмилалиро эътироф мекунад. Ӯ афзуд, ки Эронро ба идомаи гуфтугӯ бо кишварҳои манфиатдор рӯи ин масъала ташвиқ кардааст.
Садҳо нафар дар шаҳрҳои Бразилиа ва Рио-де-Жанейро алайҳи боздиди Аҳмадинажод тазоҳуроти эътирозӣ барпо карданд. Аҳмадинажод бо дидори Бразилия силсиласафараш ба кишварҳои Амрикои Лотиниро оғоз кард. Ӯ аз Венесуэла ва Боливия низ дидан хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG