Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Кирилл аз иттиҳоми иштибоҳӣ дар куштор


Пешвои калисои ортодокси Русия Кирилл аз иттиҳоми пеш аз вақти нафар ё гурӯҳе барои куштори як кашиши маҳаллӣ ҳушдор дод. Тибқи хабарҳо, шоми панҷшанбе як марди мусаллаҳи ниқобпӯш дар беруни калисое дар шаҳри Маскав Даниил Сисоевро ба ҳалокат расонд. Дар ин ҳамла раҳбари дастаи сарояндагони калисо маҷрӯҳ шудааст. Сисоев ҳамчун мунаққиди дини ислом маъруф буд ва борҳо барои ба дини масеҳӣ гардондани мусалмонҳо таҳдид шудааст. Куштори мазкурро раҳбари шӯрои муфтиёти Русия Равил Ғайнуддин маҳкум кард. Дар Русия ҳудудан 20 миллион пайрави дини ислом ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG