Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Итминони хотири Русияву Укроин ба Аврупо


Юлия Тимошенко – нахуствазири Укроин, ба Владимир Путин ҳамтои русаш итминон додааст, ки Укроин масъулияти хеш барои транзити гази русӣ ба кишварҳои Аврупоро иҷро хоҳад кард. Вай ҳамчунин гуфтааст, ки Укроин пули гази воридотӣ аз Русияро ҳам саривақт хоҳад пардохт, ки барои иқтисоди он кишвар бисёр муҳим аст. Нахуствазирони Укроину Русия дар осоишгоҳи Қрим дар шаҳри Ялта мулоқот карданд. Муносиботи ин ду кишвар вақтҳои ахир печида шудааст ва худи раҳбарони Укроин ҳам бо ҳам даъвову кашмакаш доранд. Иттиҳодияи Аврупо, ки ҷабри ин моҷароҳоро кашидааст, нигарон аст, ки достони зимистони соли гузашта такрор нашавад, ки баҳси Русияву Укроин чанде аз кишварҳои иттиҳодияро дар чиллаи зимистон бе гази кофӣ гузошт. Владимир Путин аз кишварҳои Аврупо хостааст, то ба Укроин, ки қодир ба пардохти ҳаққи гази воридотӣ нест, як миллиард доллар қарз бидиҳад. Бист дар сади гази воридотии Иттиҳодияи Аврупоро Русия таъмин мекунад ва ҳаҷми зиёди он ҳам аз тариқи хоки Укроин интиқол мешавад.
XS
SM
MD
LG