Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳхатҳои Ҷоми Ҷаҳонии Футбол тамом шуд


Бо анҷоми бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳонии Футбол, ки соли оянда дар Африқои Ҷанубӣ баргузор мешавад, 32 тими миллӣ ба ин бозиҳо роҳхат гирифтанд. Словения дирӯз бо як голи беҷавоб Русияро маъюс ва аз роҳхати муҳим маҳрум кард. Чунини қисмат насиби Укроин шуд, ки бозиро ба Юнон бо ҳисоби шабеҳ бохт. Бозии Фаронсаву Ирландия бо ҳисоби мусовии як бар як анҷомид, вале пирӯзии Фаронса дар бозии рӯзи якшанбе дар Дублин, онро дар хати ҳаракат ба Африқои Ҷанубӣ нигаҳ дошт. Бахти Португалия ҳам хандид, ки рӯзи чаҳоршанбе Боснияро бо ҳисоби 1 бар сифр бурд. Тими Алҷазоир бо шикаст додани тими Миср бо ҳисоби як бар сифр, ба орзуи деринааш расид. Аз қораи Амрико Уругвай ба Африқои Ҷанубӣ меравад, зеро аз рӯи ду бозӣ аз рақибаш Коста Рика бартарӣ ба даст овард.
XS
SM
MD
LG