Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Николя Саркозӣ дар Арабистони Саудӣ


Николя Саркозӣ - раиси ҷумҳури Фаронса, бо сафари кӯтоҳе вориди Арабистони Саудӣ шуд, то доир ба музокироти шахшудаи сулҳ дар Ховари Миён бо мақомоти ин кишвар гуфтӯгу кунад. Қарор аст, Николя Саркозӣ як шаб дар қароргоҳи Шоҳи Саудӣ Абдуллоҳ дар биёбоне берун аз шаҳри Риёз бимонад. Раиси ҷумҳури Фаронса, ки барои аз сар гирифтани музокироти сулҳи Ховари Миёна ҷидду ҷаҳд дорад, чанде пеш раҳбарони Исроил ва Сурияро дар шаҳри Порис мизбонӣ кард. Дар остонаи сафараш ба Арабистони Саудӣ, Николя Саркозӣ дар сӯҳбате бо як рӯзномаи саудӣ ҳушдор дод, ки бунбаст дар музокироти сулҳи Ховари Миёна ба нафъи тундравон хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG