Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дуввуми ҳамоиш ба зидди гуруснагӣ


Ҳамоиши сарони даҳҳо кишвари ҷаҳон барои кӯмак ба миллионҳо нафар мардуми нимгурусна дар ҷаҳон имрӯз дар шаҳри Рум идома мекунад. Бан Ги Мун – дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид зимни ифтитоҳи ин нишаст, гуфт, созиш бар сари аҳдномаи нав ҷиҳати муқобила бо гармоиши курраи Замин дар шаҳри Копенҳаген барои муқобила бо гуруснагӣ фавқуллода муҳим хоҳад буд. Аммо бо гузашти чанд соат аз оғози ҳамоиши сарону мақомоти баландпояи 60 кишвари ҷаҳон дархости Созмони Милал барои ихтисоси солона 44 миллиард доллар баро рушди арсаи кишоварзиро рад карданд. Ҳамчунин дар эъломияи ниҳоии Созмони Милал ваъда барои маҳви гуруснагӣ то соли 2025-ро ҳазф карданд. Попи Рум Бенедикти 16 низ зимни суханронӣ хостори хотима додан ба "ҳирси" дарёфти сармоя аз найрангбозиҳои молӣ бо арзиши маводи ғизоӣ шуд.
XS
SM
MD
LG