Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳисоботи Раҳмонов барои чор соли вазирӣ


Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон бо хабарнигорон мулоқот кард ва роҷеъ ба ҷараёни ислоҳоти соҳаи маориф ҳисоботе пешниҳод намуд.

Вай гуфт, мушкили таъмини макотиб ба муаллимон тақрибан ҳалли худро дар саросари кишвар пайдо кардааст. Ба гуфтаи вазири маориф, ин масъала дар шаҳри Душанбе сад дарсад ҳал шуда, дар ВМБК ба 9 муаллим, дар Суғд - ба 22 нафар ва дар Хатлон - ба 89 нафар муаллим ниёз асту халос. Аммо бо вуҷуди пешравиҳо дар ислоҳоти маориф ҳанӯз ҳам мушкилоти фаровоне домангири мактаби Тоҷикистон аст.

Ин масъала (камбуди муаллимон) сад дарсад ҳал шуда, дар ВМКБ ба 9 муаллим, дар Суғд - ба 22 нафар ва дар Хатлон - ба 89 муаллим ниёз асту халос ...
А. Раҳмонов афзуд, дар ҳоли ҳозир дар саросари кишвар беш аз 66 ҳазор ҷои нишаст барои хонандагони мактабҳои миёна намерасад. Вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, ба ҳамин далел дар Душанбе хонандагон дар бархе маворид ба ҷои ду басти маъмулӣ дар се баст таҳсил мекунанд.

Вазири маорифи Тоҷикистон ҳамчунин ба посухгӯ набудани кайфияту натиҷаи таълим ва сатҳи омодагии донишҷӯёни мактабҳои олӣ таъкид намуд ва гуфт, ки танҳо Вазорати маориф нест, ки масъули сатҳи дониш ва парвариш бошад, балки мудирони макотиби олӣ ва миёна низ бояд ба салоҳият ва вазифаи худ амал кунанд.

Донишҷӯёни зиёдатӣ

Як иллати пастии сатҳи таълим ва аз худ нашудани барномаи таълим дар донишгоҳҳоро вазири маориф дар беш аз меъёр қабул шудани донишҷӯён унвон кард. Оқои Раҳмонов гуфт, аксари донишгоҳҳо бештар аз зарфияташон ба шӯъбаҳои шартномавӣ ба манзури ба даст овардани фоида донишҷӯ қабул кардаанд. Вале акнун дар таъмини ҷои нишаст ва доштани устодон дучори мушкиланд, ки сабаби коҳиши сифати таълим шудааст.

Аксари донишгоҳҳо бештар аз зарфияташон ба шӯъбаҳои шартномавӣ ба манзури ба даст овардани фоида донишҷӯ қабул кардаанд ...
Вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, ки ба манзури баррасии ин масъала то як ҳафтаи дигар ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф доир хоҳад шуд. Аммо феълан маълум нест, ки сарнавишти донишҷӯёни бештар аз меъёр қабулшуда чӣ хоҳад шуд, донишгоҳҳо онҳоро ихроҷ хоҳанд кард ва ё шароити таҳсили онҳоро фароҳам хоҳанд кард. Ба ҳар ҳол, ин мавзӯъ яке дигар аз мавзӯъҳои хабарсоз барои расонаҳо дар вақти оянда хоҳад буд.

Аммо вазири маориф дар идомаи суханонаш ҳамчунин аз мушкили дигар мактаб таълифи китобҳои таълимӣ сӯҳбат мекард ва корҳоеро, ки Вазорати маориф аз соли 2005 ба ин сӯ, яъне дар замони вазирии шахси Раҳмонов анҷом додааст, баршумурд.

А. Раҳмонов: «Омодаам чун аскар хизмат кунам»

Ин дар ҳолест, ки аксари хабарнигороне, ки ба мулоқоти ӯ рафта буданд, фикр доштанд, ки оғои Раҳмонов роҷеъ ба таъиноте ба вазифаи наве сӯҳбат хоҳад кард. Чун дар чанд ҳафтаи ахир матбуоти дохилӣ хабарҳоеро роҷеъ ба барканории вазири маориф ва сафири Тоҷикистон дар Туркия таъин шудани ӯ нашр намуда буд.

Оғои Раҳмонов дар шарҳи ин хабарҳо гуфт, ин ба виҷдони он хабарнигорон аст, ки чунин хабари дурӯғеро нашр кардаанд. Аммо боз ҳам афзуд ӯ, «ин салоҳияти президенти Тоҷикистон аст, агар ба ҳар вазифае дигар салоҳ бидонанд, ман омода ҳастам, ки чун аскар хидмат кунам».

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки агарчанд беш аз ҳар вазири дигар мавриди интиқод ва ҳатто иттиҳоми хабарнигорон қарор дорад, аммо таҳаммулпазир хоҳад буд ва қасди шикоят ба додгоҳро надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG