Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Обама бо нахуствазири Ҷопон


Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико, боздиди нахустинаш аз кишварҳои Осиёиро аз Ҷопон шурӯъ кард ва бо Юкио Ҳатояма – нахуствазири Ҷопон, мулоқот намуд. Боздиди Обама аз Ҷопон дар замони номаълумиҳо дар муносиботи ду шарики дерина сурат мегирад. Юкио Ҳатояма, ки моҳи сентябр дар Ҷопон ба сари қудрат расид, аҳд додааст, ки равишҳои мустақилтари дипломатиро пеша хоҳад кард. Ҳамчунин ду кишвар дар иртибот ба ҷобаҷоии пойгоҳи низомии Амрико дар ҷазираи Окинаваи Ҷопон ихтилофти назар доштаанд. Барак Обама, рӯзи шанбе ба Сингапур сафар карда, сипас ба Чину Куриёи Ҷанубӣ хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG