Пайвандҳои дастрасӣ

Рукуди иқтисодӣ Аврупоро раҳо кардааст


Бар асоси омори тоза, рукуди сахттарини иқтисодии Аврупо пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум хотима ёфта ва рӯ ба эҳё овардааст. Иқтисоди кишварҳои Аврупо тайи 15 моҳи ахир ба ақиб ҳаракат мекард. Бар асоси омори семоҳаи саввуми соли равон, иқтисоди 16 кишвари маҳфили пули воҳиди евро дар ин муддат сифру аз даҳ чаҳор дарсад афзоиш ёфтааст ва рушди иқтисодии тамоми 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо дар сатҳи сифру аз даҳ ду дарсад боқӣ мондааст. Аммо баръакси интизороти аксари кишварҳои узв, тавлидот ба андозаи тасаввури онҳо зиёд нашуда ва баъзе аз кишварҳои узв, аз ҷумла Испониё ҳанӯз ҳам аз чанги рукуд раҳо нахӯрдаанд.
XS
SM
MD
LG