Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Олмон ба Афғонистон барои ришвахорӣ


Карл Теодор зу Гуттенберг-вазири дифои Олмон аз ҳукумати Афғонистон дархост кард, ки агар ин ҳукумат бихоҳад ба боварии Берлин сазовор шавад, бояд талошҳои худро барои решакан кардани ҷинояту ришвахорӣ ташдид бахшад. Оқои Гуттенберг дар нахустин боздидаш аз Кобул, баъд аз гирифтани мақоми вазорати дифои Олмон гуфт, Олмон бояд нишонаҳои пешрафти возеҳро бубинад. Қарор аст моҳи декабр дар порлмони Олмон дар бораи тамдид ё қатъи ҳузури нируҳои Олмон дар Афғонистон райдиҳӣ сурат бигирад. Ҳоло 4 200 нафар низомиёни Олмон дар Афғонистон мустақар мебошанд, ки дар миёни кишварҳои узви паймони НАТО аз лиҳози бузургии шумора севвумин дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG