Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар мақоми сеюми рейтинги Forbes


Маҷаллаи бонуфузи Forbes нахуствазири Русия Владимир Путинро сеюмин раҳбари бонуфузтарини ҷаҳон унвон кардааст. Дар феҳрасти 67 шахсияти пурқудрати ҷаҳон мақоми аввалро аз рӯи дидгоҳи Forbes раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама ва ҷои дуюмро раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао касб кардаанд. Рейтинги мазкур дар нисбати раҳбарони кишварҳову саноатҳои бузургтарини ҷаҳон таҳия шудааст. Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар мақоми 40-уми ин рӯйхат омада танҳо дар ҷои 43-юм Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии амалкунандаи Русия қарор гирифтааст. Усома Бин Лоден, ки ҳамчунин вориди ин рӯйхат шудааст, дар ҷои 37-ум ҷо шуд.
XS
SM
MD
LG