Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзҳои фарҳанги Ботканд дар Суғд идома дорад


Рӯзҳои фарҳанги вилояти Ботканди Қирғизистон дар вилояти Суғди Тоҷикистон идома дорад. Имрӯз фарҳангиёни вилояти Ботканд аз ҷойҳои таърихии Тоҷикистон дар Суғд, аз ҷумла аз Қасри Арбоб, музеи таърихии вилоят ва варзишгоҳи нави Хуҷанд боздид мекунанд. Дирӯз намоиши ҳунарҳои фолклории Ботканд дар толори "Сомониён"-и Хуҷанд оғоз шуд. Дар вилояти Ботканд тоҷикони зиёд ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG