Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саргурди Русия дар Тоҷикистон ба ватанаш хиёнат кард


Хабаргузории REGIONS.RU-и Русия иттилоъ медиҳад, ки дар Тоҷикистон додгоҳи низомии гарнизони Русия ба саргурд Максим Капастянский-раиси бахши хӯроквории яке аз воҳидҳои низомӣ барои суистифода аз мақом ҳукми худро содир кардааст. Бино ба хабари дафтари матбуотии додситонии Кулли Русия, дар ҷараёни расидагӣ ошкор шудааст, ки Капустянский дар давоми ду сол ба таври сунъӣ маводи хурокаи амборро дар ҳуҷҷатҳо изофӣ нишон дода, сипас онҳоро гӯё ботил кардааст, дар ҳоле, ки ҳамеша дар амбор камбуди маводи ғазоӣ эҳсос мешудааст. Бад-ин тариқ вай ба давлати худаш 12 миллион рубли русӣ зарар ворид кардааст. Вай 3 сол маҳкум ба зиндон шудааст.
XS
SM
MD
LG