Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон 3 шаҳрванди Амрикоро ба ҷосусӣ муттаҳам кард


Эрон 3 шаҳрванди Амрикоро ба ҷосусӣ муттаҳам кардааст. Аббос Ҷаъфари Давлатободӣ-Додситони Теҳрон гуфтааст, расидагӣ ба парвандаи онҳо идома дорад ва тасмим дар бораи ин парвандаҳо дар ояндаи наздик гирифта хоҳад шуд. Ин изҳорот замоне пахш шудааст, ки Эрону Амрико дар бораи зарбулаҷал дар музокироти ҳастаии Эрон бо ҳам чоназанӣ мекунанд. Ин 3 шаҳрванди Амрикоро 31-ӯми июл марзбонони Эрон боздошт карда буданд. Давлати Амрико ва хешовандони онҳо мегӯянд, ин 3 нафар дар рӯзҳои таътили худ машғули кӯҳнавардӣ будаанд ва надониста аз марзи Эрон гузаштаанд.
XS
SM
MD
LG