Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санаи интихоботи Ироқро эълом карданд


Раиси Кумиссиёни интихоботи Ироқ мегӯяд, ин кумиссиён пешниҳод кардааст, то интихоботи умумӣ дар кишвар 21 январ, яъне панҷ рӯз баъд аз санаи қаблӣ баргузор шавад. Фараҷ Ҳайдарӣ - ба хабаргузории “Ассосиейтед Пресс" гуфтааст, пешниҳоди мазкур ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ироа шудааст. Интихоботи умумии Ироқро рӯзи 16 январ таъйин карда буданд, аммо баҳсу кашокаши порлумон доир ба қонуни интихобот сабаби нигарониҳо аз таъхир дар интихоботи Ироқ шуд. Баҳсҳо сари тақсими раъйҳо аз шаҳри нафтхези Киркук, ки курду арабу туркманҳо бар сари он даъво доранд, мояи аслии баҳсҳои вакилон буд. Порлумони Ироқ рӯзи якшанбе, бо тавофуқ кард, бар сари бознигарии натиҷаҳои эҳтимолии раъйдиҳии шаҳри Киркук, роҳро барои баргузории интихобот боз кард.
XS
SM
MD
LG