Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Кобул аз эродҳои Ғарб


Давлати Афғонистон интиқодоти раҳбарони хориҷӣ ва намояндаи аршади СММ дар ин кишвар аз раисиҷумҳур Ҳомиди Карзайро радд кард ва гуфт, ки онҳо аз марзи “меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ” берун пой мондаанд.
Вазорати хориҷаи Афғонистон дар як баёния гуфт, чунин изҳориназарҳо ҳамин тавр, “асли эҳтиром ба истиқлолияти миллии Афғонистонро низ поймол мекунад”.
Ахиран сарвазири Бритониё Гордон Браун гуфт, давлати Карзай ба маҳзи фасод бадном шудааст. Рӯзи панҷшанбе намояндаи хоси СММ дар Афғонистон Кай Эйде низ хостори “набарди қотеъ алайҳи фасод, беҳбуди низоми адлия ва аз байни бурдани фарҳанги масуният аз масъулият “ шуд.
XS
SM
MD
LG