Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи фоҷиабори "Мирине" ба Вйетнам


Бар асари обхезӣ дар Вйетнам дасти кам 87 нафар ба ҳалокат расиданд. Обхезӣ - паёмади тӯфони "Мирине" дар Осиёи ҷанубу шарқист. Ба иттилоъи расмӣ, аз ҳама бештар аз обхезӣ ба устонҳои Фу Йен, Кан Хоа, Жиа Лай ва Бин Дин осеб расидааст. Мақомоти кишвар барои наҷоти одамон аз беш аз 2500 манзили харобшуда артишро сафарбар кардаанд. Мақомоти Вйетнам ҳадс мезананд, ки шояд теъдоди қурбониёни обхезӣ ва тӯфон афзоиш ёбад.
Қабл аз расидани тӯфони "Мирине" то ба соҳилҳои Вйетнам мақомот аз манотиқи канори баҳр беш аз 50 ҳазор нафарро ба ҷойҳои амнтар интиқол доданд.
XS
SM
MD
LG