Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истифода аз газу калтак алайҳи тазоҳургарон


Пулиси Эрон имрӯз бо истифода аз калтак ва гази ашковар тазоҳургарони зидди давлатро дар Теҳрон латукӯб кардааст. Эътирозҳои зиддидавлатӣ дар рӯзе доир шуд, ки дар Эрон бо иҷозати давлат солгарди 30-юми ҳамла ба сафоратхонаи Амрикоро таҷлил карданд. Дар ҳамин ҳол, ҳазорон нафар аз тарафдорони давлат низ имрӯз дар назди сохтмони сафорати басташудаи Амрико дар Теҳрон ба хотири таҷлили солгарди сиввуми гаравгонгирии кормандони ин сафорат гирди ҳам омаданд. Соли 1979 як гурӯҳи донишҷӯёни тундрави эронӣ ба бинои сафорати Амрико ҳамла оварда, 52 кормандашро барои 444 рӯз гаравгон гирифтанд.
Сухангӯи аслӣ дар ин раҳпаймоӣ узви тундрави парлумони Эрон Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил буд, ки Амрикоро ҳамчун душмани асосии Эрон маҳкум кард. Бо ин ҳол, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар Вошингтон аз ҳарду кишвар даъват кардааст, “масири бадгумониву нобоварӣ ва ихтилофоти давомдор”-ро дигар пушти сар гузоранд.
XS
SM
MD
LG