Пайвандҳои дастрасӣ

Барқияи шодбошии Э.Раҳмон ба Ҳ.Карзай


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқияи шодбошӣ ҳамтои афғонаш Ҳомиди Карзайро бо пирӯзӣ дар интихобот табрику таҳният гуфтааст. Оқои Раҳмон дар ин барқия аз ҷумла мегӯяд: “Дар ин марҳалаи ҳассоси тақдирсоз ба ҳам овардани ҳамаи нерӯҳои ватанпарвар, таҳкими рӯҳияи ваҳдати миллӣ ва дар ин замина таъмин намудани зиндагии осоишта ва осудаву ободи мардуми сарбаланди ҳамсояи мо на танҳо аз орзӯҳои деринаи халқи Афғонистон, балки ҳамеша аз ормонҳои сидқии мардуми Тоҷикистон низ будааст.”
Куммиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи душанбе дар пайи аз ширкат дар даври дуввуми раъйгирӣ даст кашидани танҳо рақиби боқимондаи Ҳомиди Карзай – Абдуллоҳи Абдуллоҳ даври дуввуми интихоботро лағв ва Карзайро баранда эълон кард.
XS
SM
MD
LG