Пайвандҳои дастрасӣ

Музокираҳои Амрикову Русия 9 ноябр шурӯъ мешавад


Вазорати хориҷаи Русия мегӯяд, ки музокираҳо бо ИМА барои имзои санади табдилкунандаи ҷои Паймони коҳиши силоҳҳои стратегӣ, ки соли 1991 имзо шудааст, рӯзи 9 ноябр аз сар гирифта мешавад. Мӯҳлати амали қарордоди феълӣ рӯзи 5 декабр ба анҷом мерасад. Баъди он ки раиси ҷумҳуриҳои ду кишвар Барак Обамаву Дмитрий Медведев тобистони имсол ба қабули санади нав дар ин замина тавофуқ ҳосил карданд, гурӯҳҳои музокиротӣ корро дар самти таҳияи тарҳи паймони нав оғоз намуданд. Мушовири сиёсати хориҷии Кремлин Сергей Приходко гуфт, ки то имрӯз дар ин самт ҷонибҳо ба пешравиҳо даст ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG