Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Чех паймони Лиссабонро қонунӣ эълон кард


Додгоҳи Қонуни асосии Ҷумҳурии Чех ҳукм кард, ки паймони Лиссабони марбут ба Иттиҳодияи Аврупо мутобиқ ба конситутсияи ин кишвар мебошад ва бо ин охирин садди ҳуқуқиро барои тасвиби ин санад бекор кард. Ҷумҳурии Чех танҳо кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо аст, ки ҳанӯз ин паймони ҳатмӣ барои имзои ҳама аъзои ин иттиҳодро имзо накардааст. Аз ин пеш парлумони Чех ин санадро қабул карда буд, вале набуди имзои ниҳоии раиси ҷумҳурӣ Ватслав Клаус, ки бо сифати “евроскептик” маъруф шудааст, боиси ба баррасии додгоҳи олитарини кишвар бароварда шудани ин масъала гардид.
XS
SM
MD
LG