Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду ҷангӣ ва як имом дар Доғистон


Имрӯз дар як даргирӣ бо нирӯҳои амниятии Русия дар ҷумҳурии Доғистон дастикам 2 нафаре, ки бовар меравад, ҷангиёни исломӣ бошанд, кушта шуданд. Мақомоти маҳаллии ФСБ мегӯянд, ин афрод дар ҷараёни ҳамлаи нирӯҳои амниятӣ ба як манзил дар шаҳри Хасавюрт кушта шуданд. Аз ин манзил ҷасади як занро низ берун овардаанд.
Қаблан аз Доғистон дар бораи кушта шудани имоми масҷиди рустои Бавтуғай гузориш расид. Далели қатли ин имом ҳанӯз дастрас нест. Доғистон, ки дар байни Чеченистон ва баҳри Хазар ҷойгир аст, тайи солҳои охир ба мавҷи хушунатҳову бомбгузориҳо рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG