Пайвандҳои дастрасӣ

Тасмим дар мавриди даври дуввум эълон мешавад


Интизор меравад, куммиссиюни интихоботи Афғонистон имрӯз тасмимаш дар мавриди даври дуввуми интихоботи раёсати ин ҷумҳуриро, ки ба рӯзи 7 ноябр таъйин шудааст, эълон кунад. Рӯзи якшанбе Абдулллоҳи Абдуллоҳ, танҳо рақиби раисиҷумҳур Ҳомиди Карзай дар даври дуввум эълон кард, ки азбаскӣ талабҳои тазмини як интихоботи одилона ва шаффоф пешгузоштаи ӯ иҷро нашуданд, номзадиашро аз даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ берун мекашад. Карзай ба дунбол гуфт, бояд акнун куммиссиюни интихобот тасмим бигирад, ки даври дуввуми раъйгириро рӯзи 7 ноябр барпо мекунад ё хайр.
Даври дуввум дар пайи дар интихоботи рӯзи 20 август ошкор шудани мавориди фаровони умдатан ба фоидаи Карзай тақаллуб шудани натоиҷи оро эълон шуд.
Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун имрӯз ба хотири музокирот бо Карзай ва Абдуллоҳ вориди Кобул шуд.
XS
SM
MD
LG