Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амалиёти "Хориҷиён" дар Душанбе ҷамъбаст шуд


Дар ҷараёни амалиёти вижаи мавсум ба “Хориҷиён”, ки ҳафтаи гузашта дар Душанбе ва навоҳии атрофи он сурат гирифт, 10 шаҳрванди Чин бо ҷурми нақзи шароити кору иқомат дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 8 800 сомонӣ ҷарима баста шуданд. Тайи ин амалиёт дар маҷмӯъ ҳудуди 450 шаҳрванди хориҷӣ, ки тақрибан 400 нафараш аз аҳли Чин будаанд, мавриди тафтиши маъмурони Хадамоти муҳоҷирати вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қарор гирифтаанд. Ин ниҳод тайи 9 моҳи соли равон беш аз 460 шаҳрванди хориҷиро бо ҷурми нақзи шароити кору иқомат дар Тоҷикистон ҷарима баста, ба ҳудуди 3400 тани дигар ҳушдор додааст.
XS
SM
MD
LG