Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон: Байкот интихоботро ғайриқонунӣ намекунад


Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико имрӯз гуфт, байкот кардани даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз тарафи номзад Абдуло Абдулло натиҷаҳи инихоботро беэътибор намекунад. Вай ин суханонро дар идомаи силсилабоздидҳояш аз минтақа дар Абу Дабӣ изҳор дошт. Хонум Клинтон гуфт, чунин кор бесобиқа нест ва дар гузашта дар Амрико мушоҳида шудааст, вақте ки як номзад ба сабабҳои мухталиф намехоҳад муборизаро идома диҳад. Вай афзуд, ман фикр намекунам, ки ин кор ба қонунмандии интихобот асар гузорад. Хонум Клинтон баъд аз боздид аз Покистон вориди Абу Дабӣ шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG