Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Покистон Конигурумро муҳосира кардааст


Нирӯҳои артиши Покистон дар идомаи амалиёти густурдаи худ алайҳи ҷангиёни исломӣ дар устони Вазиристони ҷанубӣ минтақаи Конигурумро, ки як пойгоҳи аслии ҷангиёни узбак аз Ҳаракати исломии Узбакистон маҳсуб мешавад, муҳосира кардаанд. Атҳар Аббос, сухангӯи артиши Покистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард.
Аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон дар пайи хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ибтидо ба Афғонистон паноҳ оварда, дар пайи шикасти Толибон ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон фирор карданд. Фаъолияти ин созмон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, манъ шудааст.
XS
SM
MD
LG