Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза дар Афғонистону Покистон ва Тоҷикистон


Заминларзаи шадиде шаби гузашта Афғонистону Покистонро таккон дод. Маркази заминларза дар Афғонистон дар кӯҳистони Ҳиндукуш, дар тақрибан 250-километрии Кобул воқеъ буда, Чаудрӣ Камарӯз Замон, раҳбари дафтари зилзиланигории Покистон гуфтааст, заминларза дар умқи замин сурат гирифтва баъид аст, ки кадом хисороте ба бор оварда бошад. Идораи заминшиносии Амрико шиддати заминларзаи ахир дар Афғонистону Покистонро 6 балл ҳисоб кардааст.
Шаби гузашта, соати тақрибан 22-45 як заминларзаи шадид қаламрави Тоҷикистонро низ ларзонд. Шиддати ин зилзила тибқи ҷадвали Рихтер 5,9 балл баровард шуда, марказаш дар 270-километрии ҷанубу шарқи Душанбе дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон воқеъ будааст.
XS
SM
MD
LG