Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин хотироти 20 соли пешашро қисса хоҳад кард


Сарвазири Русия Владимир Путин, ки соли 1989, ҳангоми шикастани Девори Берлин дар Олмони шарқӣ ба ҳайси мақоми расмии КГБ фаъолият мекард, мехоҳад дар як филми мустанад хотироташ аз он рӯзҳоро қисса кунад. Нашрияи “Коммерсант”, чопи Маскав, навишт, ин филми мустанад, ки хабарнигори рус Владимир Кондратев таҳия кардааст, рӯзи 8 ноябр, дар арафаи солгарди 20-уми суқути Девори Берлин тавассути шабакаи НТВ намоиш дода хоҳад шуд.
Кондратев барои ин филм бо раҳбари пешини Шӯравӣ Михаил Горбачёв ва бо раҳбарони вақти Олмони шарқӣ низ мусоҳибаҳо анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG