Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Караҷич имрӯз аз сар гирифта мешавад


Додгоҳи Ҳейг имрӯз мурофиаи парвандаи Радован Караҷич, раҳбари собиқи сербҳои Бусниро аз сар хоҳад гирифт. Караҷич дирӯз расми ифтитоҳи мурофиаи парвандаашро таҳрим кард ва гуфт, барои омода кардани хатти дифоъии худ фурсати кофӣ надошт. Қозии мурофиаи Караҷич дирӯз оғози додгоҳро ибтидо барои 15 дақиқа ва сипас то рӯзи сешанбе ба таъхир гузошт. Радован Караҷич ба 11 ҷинояти ҷанг, аз ҷумла наслкушӣ ва қатли омми 8000 сокини Сребренитса дар солҳои 90 муттаҳам мешавад. Ӯ ин ҳама иттиҳомотро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG