Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 зани кӯҳансолтарини Конибодом


Дар Конибодом феълан 10 зане ба сар мебарад, ки синни онҳо аз 100 гузаштааст. Мунира Фозилова, мудири шӯъбаи таъминоти иҷтимоии Конибодом ба “Азия Плюс” гуфт, кӯҳансолтарин сокини ин минтақа Эргашой Мадаминова аст, ки 109 сол дошта, дар рустои Қарақчиқум зиндагӣ мекунад.
Дар ҳамин русто Оим Ғаниева низ ба сар мебарад, ки синнаш феълан ба 107 расидааст.
Хонум Фозилова гуфтааст, давлат ба ин сокинони кӯҳансоли Конибодом то 189 сомонӣ нафақа ва кӯмакҳои ғизоӣ дода, барояшон дар мавриди пардохти пули барқу газ низ имтиёзоте қоил шудааст.
XS
SM
MD
LG