Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 11 сипоҳии Эрон дар хоки Покистон


Бино ба хабарҳои расида аз Покистон, 11 тан аз нирӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дирӯз бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дар Покистон боздошт шудаанд. Афсари пулиси Покистон Додур Раҳмон гуфт, ин 11 нафарро дар ҷанубуғарби кишвар, дар наздикии марз бо Эрон дастгир кардаанд. Ин ҳодиса 8 рӯз баъд аз ҳалокати 42 нафар, бо шумули 6 тан аз нирӯҳои Сипоҳ дар Эрон бо дасти як бомгузори маргталаб иттифоқ уфтод. Масъулияти анҷоми он ҳамларо гурӯҳи суннии Ҷундуллоҳ бар ӯҳда гирифт. Теҳрон мегӯяд, ки Ҷундуллоҳ аз хоки Покистон амал мекунад.
XS
SM
MD
LG