Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қозии додгоҳи Хатлон бо ришва боздошт шуд


Бино ба хабари матбуоти маҳалӣ, дар вилояти Хатлон кормандони идораи мубориза бо ришвахорӣ Толибҷон Буриев-қозии додгоҳи иқтисодии вилоятро ҳангоми ситонидани ришва боздошт кардаанд. Муллопар Бандишоев-муовини раиси идораи мазкур ба матбуот гуфтааст, Буриев барои яке аз парвандаҳо 500 доллар ришва хостааст ва ҳангоми гирифтани ин маблағ боздошт шудааст. Ин манбаъ мегӯяд, ҳоло Буриев дар боздоштгоҳ аст ва ба қазия расидагӣ сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG