Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи амалиёти ба зидди Толибон


Нерӯҳои Покистон амалиёти васеъмиқёс ба зидди Толибонро дар Вазиристони Ҷанубӣ, воқеъ дар марз бо Афғонистон идома медиҳанд. Артиши Покистон гуфт, баъди тассаруфи шаҳри Куткаӣ, зодгоҳи Ҳакимуллоҳ Маҳсуд – фармондеҳи Толибон бо ҳимояти ҳавопаймоҳо пешравӣ ба сӯи дигар мавзеъҳои ҷангҷӯёни Толибро идома медиҳад. Талошҳои тозаи сарбозони Покистон барои маҳви пойгоҳҳои Толибон дар рустоҳои Сом, Бадр ва Ладҳо будааст. Покистон амалиёт ба зидди Толибон дар вилояти нимамухтори Вазиристони Ҷанубиро ду ҳафта пештар шурӯъ кард ва мегӯяд аз он замон то кунун бештар аз 160 ҷангҷӯи Толибро кушта ва ҳудуди 30 сарбози худро ҳам талаф додааст.
XS
SM
MD
LG