Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозрасони ҳастаии СММ вориди Эрон шуданд


Гурӯҳи бозрасони Созмони Милали Муттаҳид вориди Эрон шудааст, то корхонаи дуввуми ғанисозии ураниуми ин кишварро таҳқиқ намояд. Қарор аст, гурӯҳи чаҳорнафарӣ аз Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ имрӯз аз таъсисоти нави атомие дидан кунад, ки дар дохили кӯҳе дар наздикии шаҳри Қум бунёд шудааст. Ошкор шудани мавҷудияти коргоҳи нави ғанисозии ураниум дар Эрон дар моҳи гузашта, нигарониҳои қудратҳои ғарбиро амиқтар кард, ки мегӯянд, Эрон қасд дорад, бомби атомӣ бисозад. Эрон ин иддаъоро рад мекунад. Пештар аз ин Эрон гуфт, ба пешниҳоди нави қудратҳои ҷаҳонӣ доир ба коркарди ураниуми ғанисозишудааш дар хориҷ ҳафтаи оянда, посух хоҳад дод, агарчӣ мӯҳлати ин посух рӯзи ҷумъаи гузашта сипарӣ шуд. Бар асоси ин пешниҳод, урани нохолиси Эронро дар Русия ба сӯхти атомӣ табдил дода ва ҷиҳати истифода дар реакторҳои Эрон ба ин кишвар бармегардонанд. Сӯхти мазкур, ки барои сохти бомбӣ атомӣ кофӣ нест, барои ҳадафҳои тиббӣ истифода мешавад.
XS
SM
MD
LG