Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза боз Индонезияро ларзонд


Заминларзаи қавии бо нерӯи 7 дараҷа, имрӯз дар умқи Баҳри Банда дар наздикии ҷазираҳои Танимбари Индонезия ба вуқӯъ пайваст ва мақомоти расмӣ аз эҳтимоли сар задани сунамӣ ҳушдор доданд. Муассисаи геологии Амрико дар ин бора хабар дод, вале яке аз донишмандони ин муассиса гуфтааст, ки заминларза дар жарфнои 140 километрии баҳр сурат гирифтааст ва ғолибан, сабаби сунамӣ нахоҳад шуд. Индонезия бори чандум аст, ки дар ҳафтаҳои ахир меларзад. Рӯзи 30 сентябр заминаларзаи қавии дигаре бо нерӯи 7.6 дараҷа соҳилҳои ғарбии ҷазираи Суматраро такон дода ва бештар 1100 нафарро кушта ва садҳо тани дигарро маҷрӯҳ кард.
XS
SM
MD
LG