Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони корӣ дар Душанбе


Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, бо ҳадафи танзим ва ҳимояи ҳуқуқи мардикорони пойтахт чанд маркази вижа таъсис диҳад.

Сухангӯи шаҳрдорӣ Ниёзбек Қаландаров дар ин бора мегӯяд, ҳадафи чунин марказҳо таъмини ҳуқуқии мардикорон мебошад. Ба гуфти масъулини шаҳрдорӣ, қарори мазкур бо назардошти афзоиши теъдоди мардикорон дар пойтахти кишвар содир шудааст.

Аммо мардикорони пойтахт аз ташаббуси чандсолаи шаҳрдорӣ хабар надоранд. Онҳо ба пуштибонии мақомот ҳам чандон эътимод надоранд.

Аммо мардикори собиқадор бо номи Абдулло мегӯяд, аз қарори шаҳрдорӣ огоҳ аст, вале хабар надорад, ки чунин марказ мавриди истифода қарор гирифта бошад. Ҳамсӯҳбатам меафзояд, музди мардикорие, ки дар як рӯз ба даст меорад, ҳамагӣ 20 ва 30 сомонӣ мебошад. Ва дар ҳамин ҳол баъзан корфармоҳо онҳоро истифода бурда, сипас аз додани музди қаблан ваъдашуда сарпечӣ менамоянд. Абдулло мегӯяд, мардикорони беҳуқуқ чизе дар муқобил гузошта наметавонанд.

Ба сӯҳбат Ҷавшан ном мардикоре ҳамроҳ мешавад. Ҷавшан мегӯяд, ки ҳафтаи гузашта сохтмонеро дар Душанбе ба анҷом расонидааст ва то ҳол наметавонад ҳаққи заҳматаш, ки ду ҳазор сомонӣ аст, аз корфармо бигирад.

Ба гуфти ҳамсӯҳбатони мардикори мо, эҳтимол шаҳрдорӣ ният дорад, ки бо таъсиси марказҳои махсус назоратро аз болои музде, ки мардикорон мегиранд, ба роҳ монад. Ва ҳар мардикор аз ин ҳисоб ба давлат андоз супорад.

Барои шунидани сӯҳбат бо мардикорони шаҳри Душанбе ишораи чандрасонаӣ дар гӯшаи саҳфаро нохун занед.
XS
SM
MD
LG