Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони НАТО вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунанд


Имрӯз дар Братислава-пойтахти Славакия вазирони дифои 28 кишвари узви паймони НАТО мулоқоти ғайрирасмии дурӯзаи худро оғоз мекунанд. Интизор меравад, ки онҳо дар ин мулоқот аслан вазъи Афғонистонро ба баррасӣ бигиранд. Дар миёни масоили дигар онҳо ҳамчунин масъалаи таъмини амният дар ҷараёни баргузории даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард. Ин мулоқот дар ҳоле баргузор мешавад, ки то ҳол давлати Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико масъалаи фиристодан ё нафиристодани нируҳои изофӣ ба Афғонистонро баррасӣ мекунад, то ин нируҳо барои мубориза бар зидди Толибон ба нируҳои эътилоф бипайванданд. Бино ба гузоришҳо, кишварҳои узви паймони НАТО мумкин аст роҷеъ ба фиристодани ниру ба Афғонистон дар эълони тасмими ниҳоии худ таъхир кунанд.
XS
SM
MD
LG