Пайвандҳои дастрасӣ

Пуштибонии Варшава аз тарҳи нави зиддимушакии ИМА


Лаҳистон барои ширкат дар тарҳи нави Амрико оид ба ташкили системи нави дифоъи зиддимушакӣ дар Аврупо изҳори омодагӣ кард. Сарвазири кишвар Доналд Туск баъд аз мулоқот бо нойиби раисиҷумҳури Амрико Ҷозеф Байден гуфт, ки Варшава ин тарҳро “басо ҷолиб ва зарурӣ” мехонад. Чанде қабл Вошингтон тарҳи нави мустақарсозии системи зиддимушакӣ дар Аврупоро таҳия кард ва аз тарҳи бунёди сипари мушакӣ дар Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех даст бардошт.
Ҳадаф аз сафари Ҷозеф Байден ба Варшава ва Прага – мутмаинсозии мақомоти Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех ба содиқ мондани Амрико барои мустақарсозии системи зиддимушакӣ дар Аврупо арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG