Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Беш аз 40 тан аз уйғурҳо ғайб задаанд


Баъд аз нооромиҳо дар шаҳри Урумчӣ, маркази вилояти Шинҷон, даҳҳо уйғурҳо беному нишон ғайб задаанд. Дар як гузориши созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch гуфта шудааст, ки дар ҳаводиси Урумчӣ беш аз 200 нафар ба ҳалокат расиданд ва беш аз 40 кас то ҳол беному нишонанд. Мақомоти Чин ба думболи саркӯбсози тазоҳуроти уйғурҳо дар ин шаҳр хабар доданд, ки беш аз ҳазор тан аз эътирозгарон боздошт шудаанд. Ҳафтаҳои ахир нӯҳ нафари онҳоро додгоҳ ба қатл маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG