Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул барои боздошти ҷангҷӯён ҷоиза таъин кард


Ҳукумати Афғонистон барои иттилоъ дар бораи ҷангҷӯёне, ки дар қаламрави кишвар мустақаранд, ҷоиза таъин намуд. Дар як баёнияи вазорати умури дохилаи Афғонистон гуфта шудааст, мақомот барои ҳама гуна иттилое, ки бар асари он ҷангиёни мухолифи ҳукумат боздошт мешаванд, 40 ҳазор доллар пардохт хоҳанд кард. Тасмим дар ин бора баъд аз силсилаи ҳамлаҳо дар пойтахти кишвар - Кобул гирифта шуд, ки бар асари онҳо дар ду моҳи ахир даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG