Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ Исроилу Ҳамосро муттаҳам кард


Шӯрои ҳуқуқи башари СММ қатъномаеро қабул кард, ки Исроил ва Ҳамосро дар ҷиноёти ҷангии оғози соли ҷорӣ дар Ғазза айбдор мекунад. Барои қабули қатънома рӯзи ҷумъа 25 узви ин шӯро овоз доданд. Қатъномаи мазкур ҳамчунин Исроилро барои худдориаш аз ҳамкорӣ бо гурӯҳи таҳқиқотии СММ таҳти раҳбарии Ричард Голдстон танқид кардааст. Зидди қабули чунин қатънома шаш узви шӯрои ҳуқуқи башар раъй дода 11 узви дигар бетараф буданд. Сухангӯи раҳбари маъмурияти худгардони Фаластин Набил Абу Рудейна раъйдиҳии мазкурро истиқбол кард. Вале вазорати хориҷаи Исроил гуфт, ки қабули қатънома ноодилона буда талошҳои сулҳи Ховари Миёнаро халалдор месозад.
Ҳам Исроил ва ҳам Ҳамос аллакай иттиҳомоти дар гузориш зикршударо рад кардаанд. Гузориши мазкур аз Шӯрои амнияти СММ даъват мекунад, ки дар сурате, ки Исроилу Фаластин дар тафтиши иттиҳомоти пешгузошташуда ноком шаванд, масъаларо ба баррасии додгоҳи ҷиноятҳои байналмилалӣ ироа кунад.
XS
SM
MD
LG