Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи ғайриинтизори сафири афғон


Сайид Тайиб Ҷавод - сафири Афғонистон дар Амрико мегӯяд, ба эътиқоди ӯ “ғолибан” интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар ба даври дуввум кашида мешавад, ки дар он Ҳомиди Карзай бо рақибаш Абдулло Абдулло – вазири собиқи умури хориҷа бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Сайид Тайиб Ҷавод дар ин бора дар шаҳри Вашингтон сухан гуфт ва ду рӯз пеш аз эъломи натиҷаҳои таҳқиқи шикоятҳо аз тақаллубкорӣ дар интихобот, ки он натиҷаҳоро Кумиссиёни расидагӣ ба шикоятҳои интихоботии тобеъи Созмони Милал то ду рӯзи дигар эълом хоҳад кард. Сайид Тайиб Ҷавод нахустин мақоми ҳукумати Ҳомиди Карзай аст, ки эътироф мекунад, эҳтимолан Абдуллоҳ Абдуллоҳ раъйи кофӣ ба даст овардааст, то дар даври дуввуми интихобот бо Ҳомиди Карзай рақобат кунад. Аммо гуфт ӯ ҳеҷ иттилоъе мустақиме аз Кумиссиёни интихоботӣ нагирифтааст, ки даври дуввуми интихобот эълом мешавад.
XS
SM
MD
LG