Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон як рӯзи хунинро пушти сар кард


Чанд соат баъд аз як бомбгузории хунин дар шаҳри Пешовари Покистон як бомби дигар дар ин шаҳр таркида як кӯдакро кушт ва чанд тани дигарро маҷрӯҳ кард. Пештар аз ин бомбгузорӣ дар силсилаи ҳамлаҳо дар Покистон 30 нафар ҳалок шуданд. Аз ҷумла як гурӯҳи афроди мусаллаҳ дар шаҳри Лоҳур ба се таъсисоти мақомоти интизомӣ ҳамла карданд ва як маргталаб мошини бомбгузоришудаашро дар назди посгоҳи пулис дар шаҳри Куҳот мунфаҷир кард. Покистон, ки тайи чанд рӯзи гузашта шоҳиди силсилаи ҳамлаҳои хунини ҷангҷӯёни Толиб шуд, барои оғози амалиёти низомӣ ба зидди онҳо дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон омодагӣ мегирад.
XS
SM
MD
LG