Пайвандҳои дастрасӣ

БАБР: пойинрафти иқтисодӣ жарфтар хоҳад буд


Бонки аврупоии бозсохт ва рушд (БАБР) эълом дошт, ки пойинравии иқтисодӣ дар кишварҳои Аврупои марказӣ ва шарқӣ дар соли 2009 назар ба интизорот жарфтар хоҳад шуд. Тибқи пешгӯиҳои нави ин ниҳоди молӣ, пойинрафти иқтисодӣ дар ин минтақа 6,3 дар садро ташкил хоҳад дод. Пештар ҳадс зада мешуд, ки пойинрафт 5,2 дар сад хоҳад буд. Дар гузориши ахири БАБР, ки пораҳое аз он имрӯз нашр шудаанд, омадааст, ки дар нимаи дуввуми сол дар бархе аз кишварҳо падидаҳои эҳёи иқтисодиёт ба чашм расид ва аммо дар мавриди пойдор мондани ин раванд чизе гуфтан ҳанӯз барвақт аст.
XS
SM
MD
LG