Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Шанхай дар Пекин ва дидорҳо дар ҳошияи он


Раҳбарони ҳукуматҳои шаш кишвари узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Пекин-пойтахти Чин мулоқот мекунанд. Созмони мазкур, ки соли 2001 ташкил шуда буд ва мехоҳад амният ва ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақаро беҳбуд бахшад, аз Русияву Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон иборат аст. Эрону Ҳиндустон ва Покистону Муғулистон дар ин созмон мақоми нозирро доранд. Бино ба хабари Ассошиейтед Пресс, интизор меравад, ки Владимир Путин-нахуствазири Русия дар ҳошияи ин мулоқот бо намояндагони Афғонистон, ки меҳмони мулоқоти Шанхай мебошанд ва бо намояндагони Эрону Покистон дидор ва гуфтугӯ кунад. Бино ба гузоришҳо, Путин мумкин аст бо Муҳаммад Ризо Раҳимӣ-муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон мулоқот анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG