Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алайҳи Каррубӣ парванди ҷиноӣ боз шуд


Тибқи гузоришҳо, низоми додгустарии Эрон зидди Меҳдии Каррубӣ, ки номзади ислоҳотхоҳон дар интихоботи президентӣ буд, барои изҳороташ дар мавриди ин ки тарафдорони мухолифини боздоштшуда дар зиндон мавриди таҷовуз қарор мегиранд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Хабаргузории расмии ИРНО мегӯяд, ки кумитаи додгустарии Эрон парвандаеро дар ин замина омода карда онро ба дафтари додситонӣ ирсол кардааст. Каррубӣ, ки дар интихоботи баҳсбарангези моҳи июни гузашта мақоми чаҳорумро касб кард, сангари муҳофизакоронро бо изҳороташ дар мавриди ин ки баъзе эътирозгарони боздоштшуда дар зиндон мавриди таҷовуз қарор мегиранд, хашмгин кард. Моҳи гузашта мақомоти додгустарӣ иттиҳомоти Каррубиро рад карданд.
XS
SM
MD
LG