Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳрими Бритониё ба зидди ширкатҳои Эрон


Ҳукумати Бритониё ба ширкатҳои ин кишвар амр додааст, то бо ду ширкати эронӣ тиҷорат накунанд, ки бо барномаҳои атомии баҳсбарангези Эрон иртибот доштаанд. Аз ин пас ширкатҳои Бритониё ҳақ надоранд, ки бо Бонки Миллат ва Ширкати Киштиронии Эрон тиҷорат кунанд. Сара Макарти Фрай – вазири молияи Бритониё гуфт, ширкати киштиронӣ лавозимоти зарур барои барномаҳои сохти мушакҳои дурпарвоз ва барои барномаҳои атомии Эронро интиқол додааст ва Бонки Миллат дар ин заминаҳо хадамоти молӣ расонидаанд.
XS
SM
MD
LG