Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркияву Арманистон Аҳдномаи тарихӣ имзо мекунанд


Қарор аст дар ҳамин соатҳо дар шаҳри Зурихи Шветария Аҳмет Довутуғлу-вазири умури хориҷаи Туркия ва Эдуард Наълбандиён-вазири умури хориҷаи Арманистон Аҳдномаи тарихии барқарории равобити дипломатии миёни ин ду кишварро имзо кунанд. Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири хориҷаи Амрико, Сергей Лавров ва Бернард Кучнер-вазирони умури хориҷаи Русия ва Фаронса барои ширкат дар ин маросим ба шаҳри Зурих омадаанд. Хавиер Солана-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо низ дар ин маросим ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG