Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Карим Оғохони IV аз Тоҷикистон идома дорад


Боздиди чаҳоррӯзаи Шоҳзода Карим Оғохони IV аз Тоҷикистон идома дорад. Вай шоми рӯзи ҷумъа барои боздиди корӣ вориди Душанбе шуд. Ҳадафи ин боздид ширкат дар гушоиши Маркази исмоилиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбест, ки барои 12-ӯми октябр дар назар гирифта шудааст. Сохтмони маркази мазкур бо кӯмаки молии Бунёди Оғохон дар ин рӯзҳо ба поён расид. Қабл аз ширкат дар маросими гушоиши марказ Карим Оғохон аз Хоруғ-маркази Бадахшони Тоҷикистон низ бодид ва бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ мекунад. Боздиди вай 12-ӯми октябр ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG