Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози боздиди Раҳмон аз Туркманистон


Интизор меравад, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов - раиси ҷумҳури Туркманистон дидору мулоқот кунад. Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари дурӯзаи корӣ ба Ашқобод сафар кардааст. Хабаргузориҳои давлатии Туркманистон мегӯянд, мулоқоти раҳбарони ду кишвар, барои иҷрои созишномаву қарордодҳои то кунун имзошуда миёни ду кишвар такони тозае хоҳад бахшид. Бино ба иттилоъи расмӣ, мубодилоти мол миёни Тоҷикистону Туркманистон дар зарфи 9 моҳи гузашта, бештар аз 44 миллион долларо ташкил додааст. Интизор меравад, дар ҷараёни мулоқотҳо як силсила қарордодҳои нав миёни ду ҷониб ба имзо бирасад.
XS
SM
MD
LG